Манам ба накҳати хушкии зи бӯстони қонеъ

зи васли гул ба хасу хори ошёни қонеъ

Даруни хонаи шикораш омода аст

Касе ки гашт ба хамёза чун камони қонеъ

Забони дароз буд , ҳаркии ҳамчу теғ шавад

Ба хӯни зи неъмати алвони ин ҷаҳони қонеъ

Чаро туфайлии зоғи сиёҳ коса шавад ?

Касе ки ҳамчу ҳумо шуд ба устихони қонеъ

Ба сим , домани Юсуфи з даст натавон дод

Азон ҷаҳон натавон шуд ба ин ҷаҳони қонеъ

Ҳамеша бар лаби боми хатар буд дрхўоб

зи садр ҳарки нагардад ба остони қонеъ

зи оби Хизри ҳаёти абад таманно кун

Машав зи теғи шаҳодат ба ним ҷони қонеъ

Шавад хазинаи асрори синааш соиб

Касе ки шуд ба лаби хомаши азбёни қонеъ