Ба ки нутқи хеш аз аҳл замон дорам дареғ

Нағмаи Довӯдӣ аз оҳан дилон дорам дареғ

Ҳарфҳои ростро чун тир дар дил башиканам

Ин хаданги рости рӯро аз камон дорам дареғ

Дар хур бе ҷавҳарони гавҳар ба бозор оварам

Ҳарфи ҷавҳардор аз теғ забон дорам дареғ

Гӯши гул аз пардаи инсоф чун муфлис шуда аст

Ба ки ман ҳам нағмаро аз бӯстон дорам дареғ

Дар ниқоби хомшии як чанд рӯ пинҳон кунам

Бикри маъниро азин номаҳрамон дорам дареғ

Дидаи Юсуф шиносӣ нест дар Мисри вуҷӯд

Ба ки ҷинси хешро аз корвон дорам дареғ

Гавҳари ман бебаҳоу аҳл олам муфлисанд

Гавҳари худро зи чашм муфлисон дорам дареғ

Ман ки шаҳритар зи маҷнӯнам дар ойини ҷунун

Чун сари худро зи санг кӯдакон дорам дареғ ?