Пар садо шуд чинии афлок аз фағфури ишқ
Чун шарар ҳар заррае бедор шуд аз шӯри ишқ
Дасти бибокӣ чу ҳасан аз остин берун кунад
Шамсаи дор фано гардад сари Мансури ишқ
Чун анор аз хандаи биҷоӣ худ дорад хатар
Шиша на осмон аз бодаи пурзӯри ишқ
Чун чароғи субҳгоҳӣ аз фурӯғи офтоб
Партави хуршеди тобон маҳв шуд дар нури ишқ
Ноумедӣу умеди ӣнҷои ҳам оғӯши ҳманд
Субҳро дар остин дорад шаби диҷўри ишқ
Дар саводи шаҳр ( хӯн ) чун лола мерад дар дилаш
Ҳарки дар саҳро нмкчш кард оби шӯри ишқ
Ошиқу андеша аз захми забон , ҳарфӣаст ин
намекунад хӯн дар ҷигари алмосро носури ишқ
Аз дилам ҳар порае чун гул ба роҳӣ ме равад
Барқи доими теғ бозӣ мекунад дар таври ишқ
Ошиқон дар пардаи дил шодмонӣ ме кунанд
Ханда расво надорад ғунчаи мастури ишқ
Бистару болин чаҳ медонад марӣз ишқ чист
Чун сабу аз дасти худ болин кунад ранҷури ишқ