Оташин шуд чеҳраи хок аз май гулранги ишқ
Чарх шуд хокистарӣ аз оташ бе ранги ишқ
Май намояд чун гули хуршед аз оби равон
Чеҳраи андеша аз ойӣна бе занги ишқ
Чун гузаштӣ аз фазои дили дарин ваҳшати саро
Дархур ҷавлон надорад арсае шбрнги ишқ
Бо кадомин шиша дил гӯям ки дар майдони разм
Кард кори мумиёе бо дили ман санги ишқ
Як сияҳ хонааст дар сартосари саҳрои ақл
Каъбае саргашта мегардад ба ҳар фарсанги ишқ
Нест абру офтоби навбаҳоронро бақо
Содаи лавҳи он кас ки дили бандад ба сулҳу ҷанги ишқ
Зӯри бозуии ядуллоҳии баланд афтода аст
Чун нанолад на камони осмон дар чанги ишқ ?
Хомсўзони ҳавас бар худ бисотӣ чида анд
Варна хокистар надорад оташ бе ранги ишқ
То ба ҳашар аз чашми захми нестӣ осӯда аст
Чеҳраи ҳаркас ки шуд нилӯфарӣ аз санги ишқ
Ҷавшани Довӯдии ӣнҷои шоҳроҳ новак аст
Ман кӣм то синаро созами сипар дар ҷанги ишқ ?
Зарра то хуршеди гулбонг анолҳқ ме занад
Нағма хориҷ надорад сози сайри оҳанги ишқ
Домани рағбати Зулайхо аз каф Юсуф кашад
Даст чун берун кунад аз остини найранги ишқ
Хомаашро шқ ба шамшер шаҳодат ме зананд
Ҳарки чун шери худои соиб буд икрнги ишқ