Теғ серобаст мавҷи баҳри тӯфони зои ишқ

Доғи носўрсти фалси моҳии дарёии ишқ

Пардаи гӯш фалак гардид шқ аз каҳкашон

Нест ҳар нозкдлиро тоқати ғавғои ишқ

Нури ақлӣ каз фурӯғаши чашми олам равшан аст

Парда хобаст пеши дидаи бинои ишқ

Синаи софони сабз май созанди ҳарфи хасм ро

Зангро тӯтӣ кунад оинаи симои ишқ

Ҷой ҳайрат нест гар шуд синаи мо чоки чок

Шишаро чун нор хандон мекунад саҳбои ишқ

Пеши чашм ҳар ки чун маҷнӯни ғубор ақл нест

Хайма Лайлӣаст доғи лолаи саҳрои ишқ

Пардаи номӯс зебандааст бар болои ақл

Тан ба ҳар ташрифи ноқис кӣ диҳад болои ишқ ?

Дар сари шӯридаи мо ақл савдо ме шавад

намекунад анбари каф бемағзро дарёии ишқ

Даст худ бӯсед ҳар каси доман покон гирифт

Шуд Зулайхои рафтаи рафтаи Юсуф аз савдои ишқ

Дар висолу ҳиҷри соиби изтироби дил яке аст

Ҳеҷ ҷо лангар намегирад ба худ дарёии ишқ