Ҷон орамида мешавад аз изтироби ишқ

Ин риштаро дароз кунад печу тоби ишқ

Субҳи қиёмат аз даҳан хам кунад тулӯъ

Чун бар лаб оварад кафи мастии шароби ишқ

Мағзаши зи ҷӯши пардаи афлок май дард

Бар ҳар сиррӣ ки соя кунад офтоби ишқ

Оташ чаҳ мекунад ба сипедӣ ки сӯхтааст ?

Аз офтоб ҳашар насузад кабоби ишқ

Аз хоки аҳли ишқи назар хира ме шавад

Аз абр пардагӣ нашавад офтоби ишқ

Набз аз ҳуҷум дард шавад бе қарортар

Сокини зи кӯҳ ғам нашавад изтироби ишқ

Назораи шикастаи дилон ваҳшат оварад

Сайлоб тунд мегузарад аз хароби ишқ

Сайди муроди ҳардуи ҷаҳон дар каманд ӯст

Дар ҳар дилӣ ки реша кунад печи втоби ишқ

Эксир бе ниёзии азин хок ме баранд

Соиб чигуна пой кашад аз ҷаноби ишқ ?