Озурдааст гӯша нишин аз видоъи халқ
Ғофил ки иттисол ҳақаст инқитоъи халқ
Дар ихтилоти халқи зррҳост , зинҳор
Бигузар зи халқу суҳбат бе интифоъи халқ
Ҷонсӯзтар зи марг табиӣаст фӯти вақт
Кин инқитоъи ҳақ буд он инқитоъи халқ
Бар иҷтимо халқ макун такя каз ғурур
Гӯсоларо худоӣ кунад иҷтимои халқ
Соиб ба ёди ҳақи зи ҷаҳон сулҳ карда ем
Фориғ нишастаем зи сулҳу низои халқ