Ҷаҳон фурӯз чунон гашти бодаи гулранг

Ки аз шумор шарар медиҳад хабари дили санг

Чакидаи ҷигар шуълааст нағмаи авд

Каманди ъушрат Ром кардааст риштаи чанг

Ҳавоӣ чидан гул дорам аз гулистонӣ

Ки боғбони ҷаҳд аз хоб аз паридани ранг

Сафинаи амлм дар муҳӣтӣ афтода аст

Ки ҳаст риштаи шерозааш зи пушти наҳанг

Дилам ба ахтари бдрўзи сина соф шавад

Ситора пунба гузорад агар ба доғи паланг

Шароби ишқи даройад агар ба хонаи зӯр

Шавад зи сояи минокбўди чеҳраи санг

Ба қайди расм гирифтор шуд дили соиб

Мабод ҳеҷ мусулмони асири қайди фаранг