Аз рӯй лолаи гавани ту дар хӯн тапид ранг

Девонаи вори перҳан гул дарид ранг

То рӯй оташини ту дрбоғ ҷилва кард

Аз рӯй гул чу қатра шабнам чакид ранг

То чеҳраи латифи ту глгл шуд аз шароб

Дар тангнои ғунчаи зи хиҷлати хазиди ранг

Шуд то рух ҳамеша баҳори ту бе ниқоб

Пайванди худ зи чеҳра гулҳо бурид ранг

Дар ҷоми лолау қадаҳи гули ғариб буд

Дар даври оризи тавба масраф расед ранг

Болу пар рамидан рангаст мавҷи об

Дар лаъли обдори ту чун орамида ранг

Бошад ба зери теғи зосиби чашми захм

Бар рахти ҳаркии панҷа хунин кашид ранг

Пои ҳинои гирифтаи зи рафтори оҷизи сет

Ҳаргиз ба гирди бӯ натавонад расед ранг

Болу пари ҳманди ҳарифони сусти аҳд

Бӯ меравад ба бод чу аз гул парид ранг

Умеди бози гашти гул бебасиратӣ аст

Онро каз офтоб қиёмат парид ранг

Шуд рӯй осмони шафақӣ аз сиришки ман

Аз бодаи шишаро ба рагу паии давиди ранг

Олӯда кӣ шавад ба алойиқи равони пок

Каз захми теғ тез барояд сифеди ранг

Соиб шикаста бош ки ин шӯхи дидагон

Бар рӯй ҳеҷ кас натавонанд дид ранг