Ҷудои зи давлати васлаш ба гиряам машғӯл

Ба сбҳаҳаст сару кори омили маъзул

Ба об то нарасонад равон наме гардад

Ба хонае ки кунад қаҳрамони ишқи нузул

Сипеҳри душмани ҷон ҳои орзӯмандаст

Ки бар бахил гаронаст миҳмони фузул

Тамом саҷда саҳваст тоъатӣ ки марост

Магар ба қиблаи абрӯӣ ӯ шавад мақбул

Назар сиёҳ насозад ба ком ҳар ду ҷаҳон

зи гирди роҳи ту ҳар дидае ки шуд мкҳўл

Талоши коми туро зери чарх зебанда аст

Ба сайди моҳӣ агар ғарқа мешавад машғӯл

Марои зи пасту баланди сипеҳр бокӣ нест

Ба як қарор буд меҳр дар тулӯъу уфӯл

Буд чу санги фалохан ҳамеша саргардон

Сбксрӣ ки зи мизон адл кард удӯл

Марост гӯшаи дили хуштар аз чамани соиб

Ки зери бол буд гулистони мурғи малул