Он кас ки дарди ро ба даво мекунад бадал
Роҳи савоби ро ба хато мекунад бадал
Дунёи гузаштае ки биҳиштаст матлабаш
Аз содагии ҳаво ба ҳаво мекунад бадал
Дил дар танами зи бими шабихуни ғамза аш
Ҳар шаби ҳазор мартаба ҷо мекунад бадал
Бо хоби амни давлат агар ҷамъ ме шавад
Шаби шоҳи ҷои хеш чаро мекунад бадал
Он сарви ҷомаи зеб ки умраши дарози бод
Ҳар рӯзи сад ҳазор қабо мекунад бадал
Аз зулми хеши золим агар дар ҳарос нест
Пайкон ба ҷисми баҳр чаҳ ҷо мекунад бадал
Гар раҳи баради ҷавон ба моли шикастагӣ
Қади хаданги худ ба Асо мекунад бадал
Гар дарди пои хеши чунин сахт ме кунад
Битобии маро ба ризо мекунад бадал
Бе давлати он ки сояи девори хеш ро
Бо соябони бол ҳумо мекунад бадал
Ором агар наме барад аз дили тамаъ чаро
Ҳар рӯзи ҷои хеш гадо мекунад бадал
Соиби зи нақши ҳаркии дили хеш сода кард
Ойӣнаро ба об бақо мекунад бадал