Рӯзгорӣ шуд зи чашми эътибор афтода ам

Чун нигоҳи ошно аз чашми ёр афтода ам

Дасти рағбат кас намесозад ба сӯии ман дароз

Чун гули пажмурда бар рӯй мазор афтода ам

Ихтиёрам нест чун гирдоб бар саргаштагӣ

Набзи мавҷам дар тапидан беқарор афтода ам

Уқдае ҳаргиз накардам боз аз кор касе

Дар чамани бекор чун дасти чанор афтода ам

Нестам як чашм зад эмини зи осеби шикаст

Гўиё ойӣнаам дар Зангбор афтода ам

Ҳамчуи гавҳаргар дилам аз санг гардад давр нест

Давр аз мижгони абри навбаҳор афтода ам

Ман ки соиби кори як рӯ кардаам бо коинот

Дар миёни мардуми олам чаҳ кор афтода ам