Дар намӯд нақшҳо беихтиёр афтода ам
Муҳраи мумам ба дасти рӯзгор афтода ам
зи инқилоби чарх май ларзам ба об рӯй хеш
Ҷоми лабрезам ба дасти раъшаи дор афтода ам
Нест дастӣ бар Аннани умр печидани маро
Сояи сарвам ба рӯй ҷӯйбор афтода ам
Чун нагардад доғи ҳасрати фалс бар андоми ман
Аз муҳӣти бекарон дар чашмасор афтода ам
Дидаам дар нуқтаи оғози анҷоми фано
Чун шарар дар ҷон фишонӣ беқарор афтода ам
Ҳарки бардорад маро аз хок андозад ба хок
Миваи хомам ба санг аз шохсор афтода ам
Бар лаби бом хатар натавон ба хоб амн рафт
Дар биҳиштам то зи авҷи эътибор афтода ам
Дасти мавҷ аз захми дандони гуҳари нилӣ шуда аст
То ман аз дарёӣ ҳастӣ барканор афтода ам
Ҳеҷ каси ҳақи намак чун ман намедорад нигоҳ
Додаам ҳосил агар дар шӯраи зор афтода ам
Хандаи гул дар рикоби чашми хўнбор ман аст
Гиряи рӯ ҳарчанд чун абри баҳор афтода ам
Торў пуд ҳастӣ ман ҷома фонӯс нест
Ман ҳамон наварам ки беруни зини ҳисор афтода ам
Хорӣ ва бе қадре гавҳари гуноҳ ҷавҳарӣ аст
Нест ҷурми ман агар дар раҳгузор афтода ам
Нест ғайр аз содаи лавҳии хати покӣ дар ҷаҳон
Ман чу Тифлон дар паии нақш ванигор афтода ам
Нест соиб бе саранҷомии марои монеъи зи ишқ
Гарчи бад наҚишм вале ошиқи қимор афтода ам