То назар аз оризи гули фом ӯ пӯшида ам
Хор дар чашмам агар рӯй фароғат дида ам
Дар ба ҳам печидани зулфи дарозаши оҷизам
Ман ки тӯмори ду оламро ба ҳам печида ам
Солҳо дар пардаи дили хӯни худро хӯрда ам
То дарин гулзор чун гули як даҳан хандида ам
Ман ки шамъи маҳфили қурбами дарин ваҳшати саро
Кофарамгар пеши пои хештанро дида ам
Дар даҳони оташи сӯзон ба ҷуръат май рӯм
Ҷомаи фатҳии зи нақши бӯрё пӯшида ам
Бод май санҷам кунуну шукр толеъ ме кунам
Дар тарозуе ки гавҳарборҳо санҷида ам
наме тавон чун оби хондан аз баёзи чашми ман
Нома ӯро зи бас бар чашм тар молидаа ам
Кӯҳ дар доман нагунҷад дар фазои ломакон
Зери гардун ҳайратӣ дорам ки чун гунҷида ам
Ҷабҳаи ман ғӯта дар гирди кудурат хӯрда аст
Ғайри пиндорад ки сандал бар ҷабин молидаа ам
Дар биёбони талаб дар аввалин гомам ҳануз
Ман ки чун хуршед бар гирд ҷаҳон гардӣда ам
Кӣ парешон мекунад хоби аҷали соиби маро
Ман ки дар бедории ин хоби парешон дида ам