Гоҳи гоҳ аз дидаи ибрат бо дунё дида ам
Кӣ ба ин ҳангома аз баҳри тамошо дида ам
Чархтар доман ки бошад даъвӣ исмат кунад
Офтобашро дар оғӯши масеҳо дида ам
Пеши чашми ман саводи шаҳри хӯни мурда Эй аст
Нақши худ чун лола дар домони саҳро дида ам
Теғ агар аз осмон бар фарқ ман борида аст
Хор дар чашмам агар ҳаргиз ба боло дида ам
Дар таҳ пероҳан ҳастӣ нагунҷам чун ҳубоб
Қатраи ночизи худро то ба дарё дида ам
Дар канори гул чу шабнам хор дорам зери по
Рӯй гармӣ то аз он хўршидсимо дида ам
Санг хоҳад дод музди сахти ҷониҳои ман
Дидаи нармӣ ки ман аз корфармо дида ам
Нашъаи саҳбои ъушратро намедонам ки чист
Хӯшае аз давр дар дасти сурайё дида ам
Нест соиби ҳеҷ кас дар хурдаи бинии ҳамчуи ман
Сад саводи аъзам аз холи сувидо дида ам