То зи аҳли ҳайратами хотир парешон нестам

Шамъ бе фонӯсами он рӯзӣ ки ҳайрон нестам

Теғ беобам ба дасти корфармоёни ишқ

Чун раги абри баҳоронам ки гирён нестам

Ҳамчуи доғ ишқ меҷӯям дили сад пора Эй

Лола ҳар боғу шамъ ҳар шабистон нестам

Бо хасу хошоки олами тозаи рӯ барме хӯрам

Дрлбоси талх ҳамчун об ҳайвон нестам

намекунам гавҳар ба ҳиммати ашки талхи хеш ро

Чун садаф дар зери бор абрнисон нестам

Май расонами хонаи ойӣнаи худро ба об

Чун Сикандар дар талоши об ҳайвон нестам

Барқи офат дар камӣни хирман ҷамъият аст

То парешони хотирам , хотир парешон нестам

Беди маҷнӯнами либоси ман буд мӯии серум

Аз либоси шарм чун ойӣна урён нестам

Ҳар замон дар кӯчае ҷавлони ваҳшат май занам

Ҳамчуи маҷнӯни бори дӯши як биёбон нестам

Нест аз дори фанои андешаи Мансури маро

Оташам аз чӯби дарбон рӯй гардон нестам

Нақши умедӣ ки ман аз ишқ дорам ди рнзр

Гар бибозам ҳар ду оламро пушаймон нестам

Ризқ меояд ба пои хеш то дандон ба ҷост

Асия то ҳаст дар андеша нон нестам

Сина чун парвона бар шамъи таҷаллӣ май занам

Чун шарор аз суҳбати оташ гурезон нестам

Бутаи хории маро аз домани саҳро бас аст

Дар қафаси пайваста аз фикр гулистон нестам

То гиребони доман аз хори таъаллуқ чида ам

Ҳамчуи баҳр аз хору хаси олӯда домон нестам

Чун набошам эмин аз дарди баланди иқболи ишқ

Назул хосонаст дард ва ман аз эшон нестам

Раҳравонро май даҳум дар чашми худ чун ашки ҷо

Ташнаи озор чун хор муғелон нестам

Ҳамчуи ҷони осор ман пайдост бар лавҳи вуҷӯд

Гарчи пинҳонам ба зоҳир лек пинҳон нестам

Ҳеҷ нақширо наме гирам ба ғайр аз содагӣ

Муҳраи мўӣини чархи ҳол гардон нестам

Сояи девори роози давр май бӯсами замин

Ҳамчуи шабнам хуш нишин боғ ва бустон нестам

Обҳои шаккарини Мисри ғурбат хӯрда ам

Ман ҳарифи оби талхи чоҳ канъон нестам

Шарбати бемории ман гиряи талх ман аст

Чун ҳаваси бемори он себ занхдон нестам

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мегуяд ҳаким

Ман ҳарифи боди дастӣҳои мижгон нестам