Сарв чун бо он қад устода меояд ба чашм
Соя дар зери по афтода меояд ба чашм
Пардаи ҷавҳар буд ойӣнаҳои сайқалӣ
Бо вуҷӯди хати изораш сода меояд ба чашм
Дар сари кӯии ту хуршед аз шафақ ҳар субҳу шом
Бсмл дар хоку хӯн афтода меояд ба чашм
Дидае каз ашк хӯн олуд моломол нест
Чун нигини дони нигин афтода меояд ба чашм
Дорад аз беҳосилӣ дар ботини худ сад гиреҳ
Сарв дар зоҳир агар озода меояд ба чашм
Дида ҳар кас ки ҳайвон нест дар баҳри вуҷӯд
Киштӣ аз даст лангар дода меояд ба чашм
Гарми ҷавлонтар буд аз сояи боли ҳумо
Давлати дунё агар устода меояд ба чашм
Бодаи хӯни дил буд дар дидаи ғами дидагон
Биғмонро хӯни дил чун бода меояд ба чашм
Бас ки гардуни сияҳи дили талхи рӯ афтода аст
Субҳи хандонаш дар накушода меояд ба чашм
Азми содиқ бе ниёзаст аз далели врҳнмо
Сайлро дар қатъи раҳ кӣ ҷода меояд ба чашм
Ҳаркиро соиби баланди афтодаи ҷавлони хаёл
Осмон дар пеши по афтода меояд ба чашм