То ба кӣ бори дил аз гардун бе ҳосили кашам
Устихонам тўтё шуд , чанд бори дили кашам
Ҳастӣ мавҳуми мо мавҷи саробӣ беш нест
Ба ки бар лавҳи вуҷӯди худ хати ботили кашам
Суҳбати ман дар намегирад ба коҳили машрабон
Ҳар нафас чун баҳр , доман аз кафи соҳили кашам
То камари дил дар ғубори ҷисм пинҳон гашта аст
Кӯи чунон дастӣ ки ин ойӣнаро аз гули кашам
Хори саҳрои маломати хӯн худро ме хӯрд
Пои осоиш агар дар домани манзили кашам
Оташини рухсорае дар чошнӣ дорад сапанд
Бо кадоми умеди ман овоз дар маҳфили кашам
Ман ки дидам борҳо аз рахнаи дили каъба ро
Хок дар чашмам агар даст аз рикоби дили кашам
Соиб аз савдои зулфаши дасти рағбат май кашам
То ба кӣ дррштаҳи ҷони уқдаи мушкили кашам