Дили асири турраи ънбрФшонш чун кунам

Бо дили маҷрӯҳ бо мишкӣни синонаш чун кунам

намечакад хӯн аз гули рухсораш аз тоби нигоҳ

Бӯса бар рухсора чун арғавонаш чун кунам

Тири он абрӯи камон аз ҷавшани алмоси ҷуст

Синаи худро ҳадафи пеш камонаш чун кунам

Чашм ӯ чашми маро дар серума хўобонидаҳ аст

Ҳамзабонӣ бо нигоҳи нуктаи дониш чун кунам

Ҳарфи натавонад бар оварад аз даҳонаш сари бурун

Ман дарин фикрами забонро дар даҳонаш чун кунам

Об шуд боли самандар аз фурӯғи оризаш

Пардаҳои дидаро ойӣнаи дониш чун кунам

Моҳи нурои ҳола дар оғӯш натавонад гирифт

Ҳайратӣ дорам ки бо мӯӣ намечун кунам

То нагирам танги он мӯии миёнро дар бағал

Печу тоби хештани хотирнишонаш чун кунам

Чашм дил дорад змн ҳар ҳалқае аз зулф ӯ

Ман ба ин як дил ба зулфи длстонш чун кунам

Хӯни з фарёдам чакид ва дар ба рӯем вонкрд

Бо дили сангини гӯши боғбонаш чун кунам

Соиби оташи нафасгар шуъла дар олам занад

Бо забони хома оташ фишонаш чун кунам ?