Риштаи ҷисми гарони ҷонро зи сар вомӣ кунам

Сари бурун чун сӯзан аз ҷайб масеҳо ме кунам

Чун май нораси умеди пухтагиҳо монеъ аст

Дар шикасти хами ду рӯзигар мудоро ме кунам

Оҳи оташбори ман дар ҳасрат асбоб нест

Синаро пок аз хасу хор таманно ме кунам

Як садаф бегавҳар ибрат надорад рӯзгор

Нест аз ғифлат чу Тифлонгар тамошо ме кунам

Чашм эҳсон дорам аз бе ҳосилони рӯзгор

Зери сарву беди домон аз тамаъ вомӣ кунам

Аз гиребони садафи баҳр чаҳ орми сари бурун

Ман каз оби гавҳари худ сайр дарё ме кунам

Дигаронгар бода аз мино ба соғар ме кунанд

Ман з кам зарфӣ май аз соғар ба мино ме кунам

Бемуҳобо май занам бар қалби оташ чун сапанд

Мисраи барҷастае ҳаргоҳ иншо ме кунам

Ҳоши ллаҳи хонаи гулро кунам нақш ва нигор

Ман ки дилро сода аз хол сувидо ме кунам

Ончунон бо фақр хурсандам кигар боли ҳумо

Бар сари ман соя андозад зи сар вомӣ кунам

Душман ойӣна софанд маъюбон ва ман

Аз барои айби худ ойӣна пайдо ме кунам

Нест аз азлати марои матлаб агар шӯҳрат чаро

Қофро санги нишони соиб чу анқо ме кунам