Хокро аз об рӯй худ гулистон ме кунам

Қатрае то дар бисотам ҳаст тӯфон ме кунам

Ончунон каз лафз гардад маънии бегонаи давр

Дар саводи шаҳри ҷавлон дар биёбон ме кунам

Гарчи аз қисмати дами обии насиби ман шуда аст

Сад даҳони захмро чун теғ хандон ме кунам

Аз ҷаҳони обу гул то дасти шастам чун Масеҳ

Даст дар як коса бо хуршед тобон ме кунам

Тири борони ҳаводис тар намесозад маро

Хоби роҳати ҳамчуи шерон дар Нитсаатон ме кунам

Дидаи ман то сифед аз гиря чун дастор шуд

Хоб дар як перҳан бо моҳ канъон ме кунам