Гар зи дилтангии лабӣ чун ғунча хандон ме кунам

Тарки сари зини раҳгузар бар хеш осон ме кунам

Соилон аз шарми эҳсон об мегирданд ва ман

намешавам об аз ҳаё бо ҳарки эҳсон ме кунам

То чу исои дасти худ аз чирки дунё шаста ам

Даст дар як коса бо хуршед тобон ме кунам

Танги зарфии дастгоҳи айшро созад васеъ

Ҳаст то як қатра май дар шиша тӯфон ме кунам

Гарчи хӯн дар пайкарами зи афсурдагӣ пажмурда аст

Панҷа дар сарпанҷаи дарё чу марҷон ме кунам

Ҳарки аз сангини дилӣ хӯн мекунад дар коса ам

Аз дили хўнгрми ман лаъл Бадахшон ме кунам