Аз ҳиҷоби ишқи маҳрӯм аз гул рӯй тӯйем

Варна мо сад перҳани муҳаррамтар аз буи тӯйем

Гар ба зоҳир чун нигоҳ аз чашми давр афтода ем

Ҳркҷо бошем дар миҳроб абрӯӣ тӯйем

Гарчи дар чун ғунча бар рӯй ду олам баста ем

Чашм бар роҳи насим ошнорўӣ тӯйем

Мо зи чашми пок чун ойӣна бар базми ҳузур

Бар сари дасти ту ва бар рӯй зонуӣ тӯйем

Нест моро дар вафодорӣ ба мардуми нисбатӣ

Дигарон обанд ва мо реги таҳ ҷӯй тӯйем

Сангро ҳарчанд бо гавҳар наме синҷид касе

Қадари мо ин бас ки гоҳе дар тарозуӣ тӯйем

Кист то чун сояи моро ҷуз ту баргирад зи хок

Бар замини афтодаи болой дилҷӯй тӯйем

Саракашони ишқро дар косаи сар хок кун

Варна мо пайвастаи зери теғ абрӯӣ тӯйем

Мо ки чун шабнами зи гули болин ва бистар доштем

Ин замон аз ғунча хусбон сар кӯй тӯйем

Мо ки соиби раҳ ба ҳарфи ошноён баста ем

Гӯш бар овози ҳарфи ошно рӯй тӯйем