Мо зи ҳарфи пуч монанди садафи лаб баста ем

Чун гуҳар дар хилват равшандилӣ бинишаста ем

Танги натавонади замину осмон бар мо гирифт

Чун шарор аз тангнои сангу оҳан ҷуста ем

Аҳли маҷлис дар шикасти мо чаҳ икдл гаштаанд ?

Мо на минои тиҳӣ , на тавба нашикаста ем

Тоҷи иқболи Сикандари ин чунин лаълӣ надошт

Пеши иأҷўҷи сухан сад хамӯшӣ баста ем

Дар муҳӣти ишқ , хӯни Нӯҳ дар ҷӯшаст ва мо

Чун ҳубоб аз содагӣ бар мавҷи маҳмил баста ем

Чашми мо аз бас ки тарсидааст аз пайванди халқ

Абрӯии пайвастаро аз лавҳи хотир шастаем !

Ёди мо аз хотири аҳбоби соиб чун равад ?

Дар баёзи офариниши мисра барҷаста ем