Мо зи файзи бихўдӣ аз худпарастӣ руста ем

Қатраи худро ба дарёии бақо пайваста ем

Сайли мо аз хокмоли кӯҳу саҳро фориғ аст

Дар тани хокӣ ба дарёи ҷӯии худ пайваста ем

Бардаем аз риштаи ҷони печу тоби ҳирс ро

Чун раги санг аз кашокашҳои биҷо руста ем

Саҳл бошад рахна дар сади Сикандари сохтан

Мо ки пайванди алойиқро зи ҳам бигусаста ем

Бениёзем аз вузӯ чун зоҳидӣ дар ҳар намоз

Мо ки якҷои дасти худ аз орзӯҳо шаста ем

Ҳалқа бар дар кӯфтан моро надорад ҳосилӣ

Мо дар манзил ба рӯй худ зи берун баста ем

Парда домаст хоки нарми ин ваҳшати саро

Бештари мо бар ҳазар аз мардум оҳиста ем

Барнаме ойем бо хори алойиқ , варна мо

Чун сапанд аз оташи сӯзони мукаррар ҷуста ем

Нест дар роҳи насими Мисри соиби чашми мо

Мо ба канъони Юсуфи гмгштаҳи худ ҷуста ем