Мо раги ҷонро ба он зулфи парешон баста ем

Печу тоби зулф ӯро бар раги ҷон баста ем

Аз дили пурхӯн ки қурбон шаҳодат ме равад

Лолаи доғӣ ба тобути шаҳидон баста ем

Шабнамем аммо зи файзи шӯхи чашмӣҳои ишқ

Бо гули хуршед , мижгонро ба мижгон баста ем

Даврии мо як сар тираст азон абрӯи камон

Бар хаданги рости кешаши дил чу пайкон баста ем

Дасти дарёи зери бори гиряи хунини мост

Мо ҳинои ранги басти дасти марҷон баста ем

Кӣ рӯем аз ҷо ба санги кӯдакони шўчи чашм ?

Моу саҳрои ҷунуни домон ба домон баста ем

Бар забони афтодаи рози бӯсаи дуздӣҳои мо

Ин намакро мо ба чашми посбонон баста ем

Пар бар овардааст чун мурғи нигоҳ аз иштиёқ

Номаи худро агар бар боли мижгон баста ем

Чун насузем аз надомат , чун намирем аз хумор ?

Мо ба захми худ дар файзи намакдон баста ем

Чашми ҳасрат аз гул рӯй ватан пӯшида ем

Дил ба зулфи саркаши шоми ғарибон баста ем

То ба кӣ нохуни занӣ эй шонаи дастати хушки бод !

Дил ба умедӣ дар он зулфи парешон баста ем

Каъба аз боби ассаломи оғӯш во кардааст ва мо

Домани маҳмил ба мижгони муғелон баста ем

Маҳмили мо ҳамчу шабнам ҳаст бар дӯши видоъ

Мо на ҳамчун ғунчаи соиби дил ба бустон баста ем