Мо зи бекории зи фикри кор фориғ гашта ем

Аз зиёну суди ин бозор фориғ гашта ем

Кардаем аз роҳати дунё ба хоби амни сулҳ

Аз талоши давлати бедор фориғ гашта ем

Аз баланду паст олам нест моро шиква Эй

Мо азин савҳони ноҳамвор фориғ гашта ем

Хирқаи тазвирро аз дӯши худ афканда ем

Аз ҳиҷоби пардаи пиндор фориғ гашта ем

Бар ҳавоси хеши роҳи орзӯҳо баста ем

Аз алоҷи як ҷаҳони бемор фориғ гашта ем

Ҳеҷ афсунӣ надорад мори дунё ба зи тарк

Мо ба ин афсуни зи захми мор фориғ гашта ем

Нест моро кор бо раду қабули куфру дайн

Ҳам зи иқрор ва ҳам аз инкор фориғ гашта ем

Аз ду олами фикри ҳақи моро бурун оварда аст

Мо зи қайди ин ва он якбор фориғ гашта ем

Сояи боли ҳумоу ҷғди пеши мо яке аст

Мо ки аз иқбол ва аз идбор фориғ гашта ем

Дар ғами дастор бемағзон агар печида анд

Мо ба сар печидан аз дастор фориғ гашта ем

Кардаем аз худ ҳисобии нақд бар худ ҳашар ро

Аз ҳисоби дарҳаму динор фориғ гашта ем

Чун гули раънои хазону навбаҳори мо яке аст

зи инқилоби олами ғаддор фориғ гашта ем

Барнамеи ореми соиби сари зи зери боли хеш

Аз варақи гирдонеи гулзор фориғ гашта ем