Дар раҳи ботили зи по чун нақши по афтода ем
Каъбаи мақсади куҷо ва мо куҷо афтода ем
Хиҷлат рӯй замин дорем аз баҳри камон
Аз ҳадаф то давр чун тири хато афтода ем
Чун нигоҳи дидаи ваҳшии ғизолон аз ҳиҷоб
Дар миёни мардумони ноошно афтода ем
Хок мелесид забони мавҷи мо дар ҷӯйбор
То аз он дарёӣ бе соҳили ҷудо афтода ем
Аз дами сарди фалаки ойӣнаи мо тира нест
Мо зи домонтар худ аз ҷило афтода ем
Узри номақбӯли моро кӣ пазиранд аҳл дид ?
Мо ки дар чоҳи залолат бо Асо афтода ем
Аз саодати машриқи хуршед давлат гашта аст
Ҳркҷо чун сояи боли ҳумо афтода ем
Чун камону тир дар ваҳшати сарои рӯзгор
То ба ҳам пайвастаем аз ҳам ҷудо афтода ем
Ин ҷавоби он ғазали соиб ки волӣ гуфта аст
« ҳаркиро аз пеши по рафтааст мо афтодаем »