Ишқро дар тангнои сина пинҳон карда ем
Шӯри маҳшарро ҳисорӣ дар намакдон карда ем
Дар сафои синаи мо тӯтӣонро ҳарф нест
Азтариҳои фалаки ойӣна пинҳон карда ем
Санги Тифлонро диҳад гирди ятемии хокмол
Аз саводи шаҳр то рӯ дар биёбон карда ем
Нест тӯли умрро кайфияти арзи ҳаёт
Мо ба оби талхи сулҳ аз об ҳайвон карда ем
То азизони ҷаҳони моро Фромш карда анд
Саҷдаҳои шукри пеши тоқ нисён карда ем
Матлаби мо тарки сар бар хеши осон кардан аст
Гар лабӣ чун пистаи зери пӯст хандон карда ем
Кишти моро хӯшае гар ҳаст оҳ ҳасрат аст
Дар замини шӯри тухми худ парешон карда ем
Дар шабистони адами субҳи умеди мо бас аст
Ончӣ аз анфоси сарфи оҳ ва афғон карда ем
Чун ба сайди ҷғд чун дуни ҳаматон қонеъ шавем ?
Мо ки худро бар умеди ганҷ вайрон карда ем
Чун самандари соиб аз иқболи ишқ бе завол
Оташ сӯзандаро бар худ гулистон карда ем