Мо димоғи хушкро аз бода гулшан карда ем
Борҳои ин шамъро аз об равшан карда ем
Ҳаркиро дидем дорад ҳосилӣ аз умр ва мо
Уқдаи мушкил ба ҷои дона хирман карда ем
Дигаронро даст бар дил на , ки мо сўдоиён
Бо дили саргаштаи одат чун фалохан карда ем
Рутбаи мо хоксоронро ба чашм кам мубин
Хокҳо зи афтодагӣ дар чашм душман карда ем
Ҷавҳари шамшерро дар печ ва тоб оварда аст
Ҷомаи фатҳӣ ки мо аз захм бар тан карда ем
Ҳасани гул олам фурӯз аз шуълаи овози мост
Ин ниҳоли хушкро мо нахл эмин карда ем
Бахяро чун муҳаррами захми ниҳон худ кунем ?
Мо ки аз ғайрати намак дар чашм сӯзан карда ем
Чун насозад завқи сайди мо қафасро синаи чок ?
Байзаро чун хилвати хилвати фонӯс равшан карда ем
Аз фурӯғи доғи мо чашми самандар хира аст
Мо чароғи худ з рӯй гарм равшан карда ем
Соиб аз гӯши гарон боғбонон фориғем
Мо ки аз афкори рангини тарҳ гулшан карда ем