Мо ба чашми анҷуму афлоки хор афшонда ем

Остин чун шуъла бар дӯду шарор афшонда ем

Ин тароват нест роҳ оварад абри тангдаст

Остини мо дар гиребони баҳор афшонда ем

Доғи анҷум бар дили гардуни зи оҳи гарми мост

Мо бар ин хокистари ин мушти шарор афшонда ем

Чун сабу дар хӯни чандини соғар мерафта ем

То з рӯй чашм ӯ гирди хумор афшонда ем

Осмонро ғӯта дар гирд кудурат дода ем

Ҳргаҳ аз ойӣнаи хотири ғубор афшонда ем

Чун наяндозанд дар оташ , чигуна нашкананд ?

Мива бар фарқи ҷаҳон чун шохсор афшонда ем

Оҳ мо дорад биногваши фалакҳоро кабӯд

Санги анҷуми мо бар ин нилии ҳисор афшонда ем

Аз биёбони лола ва аз баҳри марҷон сар зада аст

Хӯни гармӣ то зи чашми шуълаи бор афшонда ем

Ғайри дӯди дил чаҳ хезад аз каломи оташин ?

Дар замини коғазин тухми шарор афшонда ем

Чун ба лафзу маънии мо май рисии борӣки шӯ

Турраи сунбул ба рӯй навбаҳор афшонда ем

Шеъри якдасти ту соиб то чаман афрӯз шуд

Остин бар рӯй гулҳои баҳор афшонда ем