Мо ба чашм кӯтаҳандишон чунин осӯда ем
Варна дар ҳар кӯчае пои талаб фарсӯда ем
Дар замири равшани мо чеҳра нагушӯда нест
Гар ба зоҳири тира чун ойӣна назадуда ем
Сарфаи худ чун садаф дар бастани лаб дида ем
Варна мо чун мавҷ , бару баҳрро паймӯда ем
Партави хуршеди доғи хоксориҳои мост
Гарчи сар аз шуълаи фитрат ба гардун суда ем
Ҳарқадр санги ҷафо аз дасти Тифлон хӯрда ем
Дар тавозуъи ҳамчуи шохи пурсамар афзӯда ем
Чун науфтад зулфи мишкӣни сухан бар пои мо ?
Мо ба мижгони зулфи шабро умрҳо паймӯда ем
Фикр мо нашигифт агар чун барги гули рангин буд
Солҳо аз ғунча хусбон гулистон бӯда ем
Лаб ба тбхоли ҷигар дар тишнагӣ тар карда ем
Пеши Нитсаон чун садафи ҳаргиз даҳан нагушӯда ем
Нўнёзи синаи сад чок , чун гул нестем
Рӯзҳо бо субҳи содиқи ҳам гиребон бӯда ем
Устихон мо надорад пардаи чарбӣ чу не
Бас ки аз мағзи устихони хешро полуда ем
Гарчи бар пешонӣ мо нест қуфли бастагӣ
Мсъди санг , доим чун дар нагушӯда ем
Хоҳ дар Мисри ғарибӣ , хоҳ дар кунҷи ватан
Ҳамчуи Юсуф бегунаҳ дар чоҳ ва зиндон бӯда ем
Ҳарқадр аҳбоби айб аз мо бурун оварда анд
Дар баробари мо зи ғайрат бар ҳунар афзӯда ем
Ҳасрати моро ба умри рафта , чун барги хазон
наметавон донист аз дастӣ ки бар ҳам суда ем
Девро дар шишаи сар баста натавон банд кард
Мо чаҳ аз фикри сафари зери фалак осӯдаем ?
Рӯҳро дар тангнои ҷисм пинҳон карда ем
Чеҳраи хуршеди тобонро ба гул андӯда ем
Гарчи оби зиндагӣ аз хома мо ме чакад
Мо зи бахти тираи соиб дар либос дӯда ем