Дар дили сад пораи айши ҷовдон пӯшида ем

Навбаҳори хеш дар барги хазон пӯшида ем

Матлаби мо бениёзон аз сафар саргаштагӣ аст

Чашм чун тири ҳавоӣ аз нишон пӯшида ем

Чун ҳумо аз рӯзӣ худ нест моро шиква Эй

Мағзро аз чашми бад дар устихон пӯшида ем

Мавҷи оби зиндагонӣ дар пардаи зулмат хуш аст

Дар хамӯшӣ ҷавҳари теғи забон пӯшида ем

Равад нил аз чеҳраи мо гирди ғурбат май барад

Гар ду рӯзӣ дар ғубори корвон пӯшида ем

Гули з шухӣ мегузорад дар миён бо хору хас

Хурдаи розӣ ки мо аз боғбон пӯшида ем

Шҳпри расвои рози ниҳони мо шуда аст

Пардае каз дил ба асрори ниҳон пӯшида ем

Шарми бедори туро дар хоб натавонем кард

Гарчи аз афсонаи чашми посбон пӯшида ем

Хотирии маҷрӯҳ аз теғи забон мо нашуд

Ар чаҳ мо чун бед дар захми забон пӯшидаем ?

Мо ба рӯй тоза дар гулзори олами ҳамчуи сарв

Тангдастиро зи чашми ин ва он пӯшида ем

Печу тоби мо ҷаҳониро ба шӯр оварда аст

Аз назарҳо гарчи чун мӯии миён пӯшида ем

Теғи хуршеди қиёматро кунад дандонаи дор

Пардаи хобӣ ки мо бар чашми ҷон пӯшида ем

Аз насимии тору пудаш даст бардорад зи ҳам

Ҷомае каз мавҷ чун оби равон пӯшида ем

Дар чунин субҳӣ ки ҷуст аз хоби сангини кӯҳи қоф

Парда бар рӯй дил аз хоби гарон пӯшида ем

Чашми хубони ҷаҳон чун серума дар дунболи мост

Гарчи соиб дар саводи Исфаҳон пӯшида ем