Мо зи шуғли обу гули ойӣнаро пардохтем

Хонасозиро ба худсозӣ мубаддил сохтем

намекунад хӯн дар ҷигари боди хазонро ҳамчуи сарв

Рояти сабзӣ ки аз озодагӣ афрохтем

То насузад орзӯ дар дил , нагардад синаи соф

Мо ба ин хокистари ин ойӣнаро пардохтем

Гавҳари дарди талаб дар доман соҳил набӯд

Қатраи худро абаси восил ба дарё сохтем

Аз нафаси ойӣна мо дошт занги тирагӣ

Соф шуд ойӣнаи мо то нафасро бохтем

Бахти рӯ гардон шуд аз мо то баровардем теғ

Фатҳ аз мо буд дар ҳарҷо сипар андохтем

Нест соиби хоксоронро димоғи интиқом

Мо ба фардои ҷазои девон худ андохтем