Мо зи ҳайрат дар ҳарими васли ҳиҷрон май кашем

Далви худ холии бурун аз чоҳи канъон май кашем

Манъмонгар пеши меҳмони неъмати алвони кашанд

Мо ба ҷои суфраи хиҷлати пеши меҳмон май кашем

Аз фишори қабри ҳаргизи қисмат куффор нест

Ончии мо аз танагии саҳрои имкон май кашем

Доман хокаст аз хӯни азизони лолаи зор

Аз ръўнти мо ҳамон бар хоки домон май кашем

Фикр рангинаст боғи длгшои аҳли фикр

Чун ғамӣ рӯ медиҳад сар дар гиребон май кашем

Дар ҳавои ком дунё нест оҳи сарди мо

Бар саводи офариниши хати бутлон май кашем

Бар шикори лоғар аз сарпанҷа шерон нарафт

Ончӣ аз дасти навозиши мо заъифон май кашем

Дигарон соиб ба талхӣ бода менӯшанд ва мо

Ҷоми пари хӯнро ба сар бо рӯй хандон май кашем