Чанд чун ахгари нафас дар зер хокистар занем

Хез то аз чархи нилии хайма болотар занем

Аз бисот хок барчинем базми айш ро

Бо масеҳо дар сипеҳри чорумин соғар занем

Базми гули бозӣ фурӯ чинем дар гулзори қудс

Собиту сайёрро чун гул ба якдигар занем

Дар бисоти офариниш ҳар чаҳ дард ва доғ ҳаст

Дастаи бандем ва ба рағбати ҳамчуи гул барсар занем

Роҳи амни бихўдиро корвон дар кор нест

Чун қадаҳ танҳо ба қалби бода аҳмар занем

Хору хошоки вуҷӯди хешро чун грдбор

Ҷамъ созему збрқи оҳи оташ дар занем

Нест пурвои сиёҳии барқи ъолмсўз ро

Икқлми оташ ба калаку коғаз ва дафтар занем

Гирд ҳастиро фурӯ шӯйем аз рухсори рӯҳ

Дар дили теғи шаҳодати ғӯта чун ҷавҳар занем

Бистар аз хӯни болаш аз шамшер мардон карда анд

Чун занони пер то кӣ такя бар бистар занем

Биқрории бодбони киштӣ вомонда аст

Мавҷ гирдем ва бар ин дарё белангар занем

Миҷмар гардун надорад арсаи ҷавлони мо

Сари бурун чун шуълаи бибоки азин миҷмар занем

На димоғи анҷуман на барги хилват монда аст

Олам дигар биҷавӣем ва дар дигар занем

Ин ҷавоби он ки мегуяд ҳакими ғазнавӣ

То кӣ аз ҳиҷрон ӯ мо дастҳо бар сар занем