Ишқи кӯи ҳамчуи гул бо хӯни худ бозӣ кунем
Ҷумлаи тан нохун шавему сина пардозӣ кунем
Нест ҷои таън агар аз халқи рӯгардони шудем
То ба кӣ дар Зангбори ойӣна пардозӣ кунем
Таҳтаи таълим мо карданд лавҳи хок ро
Ҳайф бошад умри худро сарф дар бозӣ кунем
Шева мо нест бо носозгорони сохтан
Хок дар чашми фалаки ҳангом носозӣ кунем
Сад навой шаккарин дорем чун не дар гиреҳ
Нағма пардозӣ намеёбем дмсозӣ кунем
Дӯзахи арбоби ғайрат ҷабҳа накушода аст
Мо ба рӯй гарм чун парвона ҷонбозӣ кунем
Даврии роҳи талаб аз фикри зод ва роҳила аст
Каъба наздикаст агар мо тӯша пардозӣ кунем
Манзили мақсӯди мо дар пеши по афтода аст
Чун шарар то чанд соиби ҳарза парвозӣ кунем