Даст агар кӯтоҳ бошад орзӯе ме кунем

Зулфи мишкӣни туро аз давр бӯе ме кунем

Тоъат мо нест ғайриаз шустани даст аз ҷаҳон

Гар намоз аз мо намеояд вузӯе ме кунем

Нест ғмхўорӣ ки бахшад хонаи моро сафо

Синаро аз оҳ гоҳе рафт ва рӯе ме кунем

То расад вақте ки бояд бар замин андохтан

Хирқаи танро ба обу нон руфӯе ме кунем

Гарчи медонем гули масти шароб ғифлат аст

Ҳамчуи булбул дар гулистон ҳоиҳўиӣ ме кунем

Нест бӯе аз вафо ҳар чанд ин гулзор ро

Гар гули коғаз ба даст афтод бӯе ме кунем

Чун ҳубоби шӯхи чашми мо ба соф бода нест

Сулҳи азин майхона бо дард сабуе ме кунем

Қатра чун дар мавҷ баҳр овехт дарё ме шавад

Ҷони зори хешро пайванд мӯе ме кунем

Мӯри моро нест пурвои шикваи салтанат

Гар диҳад рӯ бо сулаймон гуфтугӯе ме кунем

Беш азин аз зоҳидии имсок меинсоф нест

Ин ғубори олӯдагонро шустушӯе ме кунем

Дар ҷаҳони биўФои андеша манзил хатост

намеравад сайлоб то мо фикр ҷӯӣ ме кунем

Гарчи натавон ёфтан он гавҳар ноёб ро

То нафас боқӣаст соиб ҷустуҷӯе ме кунем