Назар то боз кардам бар Рахши бори сафари бастам

Ба як назораи чашм аз рӯй оташ чун шарари бастам

Ғурури давлати дидори ширкат бар наме дорад

Кашидам оҳӣ аз дили дидаи ойӣна бар бастам

Аҷаб дорам ки пои ман ба доман ошно гардад

Ки бо реги равони як рӯзи эҳроми сафари бастам

Гиребонгир шуд домани заҳри хорӣ ки барчедам

зи девор андарун омад ба ҳар меҳнат ки дар бастам

Ҳамон тири сбксири назари сих кабобаш шуд

Ба ҳар сайдӣ ки ман аз партави ҳиммати назари бастам

Чаҳ шабҳо рӯз кардам дар шабистони сари зулфаш

Ки авроқи дили сад пораро бар икдгри бастам

Назар то доштам бар худ намедидам ду олам ро

Ду олам чун ду айнаки гашт то аз худ назари бастам

Хушо айём бебаррагӣу хоби офияти соиб

Ки меларзад дилам чун барг то бар худ самари бастам