зи гироӣ чунон гаштааст бебаргу навои дастам

Ки натавонад гирифт афтодагиро аз ҳавои дастам

Нагирем танг дар оғӯш то он хирмани гул ро

намеосоед оғӯшам намеояд ба ҷои дастам

Ҳамоно аз гули байт алҳзн карданд тахмирам

Ки ҳаргиз чун сабу аз сар намегардад ҷудои дастам

Ба фикри домани он ғунчаи мастури афтодам

Гиреҳ дар остин чун ғунча гардид аз ҳаёи дастам

зи ҳасан бениёзӣ панҷа мезад бо яди Байзо

Ба чашм халқ гардид аз тамаъ чун аждаҳои дастам

Гиребон май дарди домони гул аз иштиёқи ман

Чаҳ сар сабзӣаст бо бахтам чаҳ иқболаст бо дастам

Каманди мавҷро дар тоб дорад изтироби ман

Ба дарёӣ ғам уфтадгар бигирад нохудои дастам

Агар соиб надорам гавҳари арзандае дар каф

Биҳамдиллоҳ ки холӣ нест аз нақди дуои дастам