Ба пои хуфтаи доими ҳарф аз шабгир ме гуфтам
зи озодии сухан дар ҳалқа занҷир ме гуфтам
Нашуд қисмати дарин олами марои як чашми бедорӣ
Ҳамон дар хоб , хоби дидаро таъбир ме гуфтам
Ман он рӯзӣ ки дар оворагеи собит қадам будам
зи ваҳшати нофи оҳӯро даҳон шер ме гуфтам
Дар он фурсат ки чашми оқибат байн дошт бенаӣ
Гул бехорро ман хор домангир ме гуфтам
Ман он рӯзӣ ки барги шодмонии доштам чун гул
Баҳори хандаи рӯро ғунча тасвир ме гуфтам
Ҳанузам аз даҳон чун субҳи буи шер ме омад
Ки чун хуршеди матлаъҳои оламгир ме гуфтам
Ғуборолуд меомад сухан бар лаби марои соиб
Агар гоҳе ба саҳви афсона таъмир ме гуфтам