Збитобии Аннани хоҳиши дилро чисони печам
Ки ман чун тоб мехоҳам бар он мӯии миёни печам
Чунон густохи гаштам чун насим аз покдомонӣ
Ки дасти шохи гулро дар ҳузури боғбони печам
Агар чун қатра шабнам кунад аз гули марои бистар
Чу мӯ бар рӯй оташи давр аз он нозуки миёни печам
Ҳадис рӯй ӯ дар пардаи хуршед ва ма гӯям
Збими чашми бади гулро дар авроқи хазони печам
Биҳишт нася дорад муштарӣ бисёр чун зоҳид
Ба нақди имрӯз дар домони он сарви равони печам
Ба ҷурми хандае каз ман насиб дигарон гардад
Дарин бстонсро то кӣ ба худ чун заъфарони печам
Надорам чун эй сахти ҷони андешаи рӯзӣ
Ки гардад нармтар аз мағз агар бростхўони печам
Агар аз қаҳрамон ишқ ёбам сояи дастӣ
Бисот ҳар ду оламро баҳам дар як замони печам
Насузад зини гулистони ғунчаеро дил ба ман соиб
Тамоми умр агар бар хеш чун оби равони печам