Назарро то чароғи гӯшаи миҳроб худ кардам

Тамошои фурӯғ гавҳар ноёб худ кардам

Чаҳ созад бо дили дарёи каши ман талхии олам

Мукаррари баҳрро дар косаи гирдоб худ кардам

Надорад хоби ошиқ варна ман афсонаи олам

Ба кори чашми бедору дили бихўоб худ кардам

Аз онаст тоҷи шоҳони пойтахти эътибори ман

Ки аз дарёи қаноат чун гуҳар бо об худ кардам

зи хоби марг чун набӯд марои умеди бедорӣ

Ки ман дар рӯзгори зиндагонии хоб худ кардам

Худии печида буд аз қиблаи ҳақ рӯй ман соиб

Намозам рад нашуд то пушт бар миҳроб худ кардам