Чунон саргарме аз шавқи он гулгун қабо дорам

Ки бар гул май хиромами хорогар дар зер по дорам

Канори шавқи ман чун мавҷ осоиш наме донад

Ба дарё май рӯми дасту бағал то даст ва по дорам

Агарчӣ дар таҳи як перҳан бо моҳи канъонам

Ба буии перҳани сар дар паии бод сабо дорам

Гиреҳ дар кокулаш нагузошт мижгони баланд ӯ

Чаҳ хӯнҳо дар ҷигар зон новаки кокул рибо дорам

зи хори хушки ман эй шохи гули доман кашон магзар

Ки ранги мардуми бегонаи буи ошно дорам

Биё эй ишқ агар дории димоғи ҷилваи пардозӣ

Ки аз доғи ҷунуни ойӣнаҳои хуш ҷило дорам

Ба як олами тавваҷуҳ аз ту чун қонеъ тавонам шуд

Ки ман аз ҷумлаи олам туро дорам , туро дорам

Чу буи гул намегардад ба доман ошно поем

Ба зоҳир гарчи дасту пои кӯшиш дар ҳино дорам

Зулоли зиндагӣ дар соғари ман ранг гирданд

Ҳамон хӯн мехӯрамгар дар қадаҳи об бақо дорам

Чунон дар покбозӣ аз алойиқ гаштаам урён

Ки ҳоли муҳраи шшдри зи нақш бӯрё дорам

Ҷунунам ихтиёрӣ нест то гирдами ънонгирш

Чу барги коҳи парвозӣ ба бол каҳрабо дорам

Агарчӣ дурбинони чашми дарё май шморндм

Ҳубоби осо ба кафи ҷои гҳрмштӣ ҳаво дорам

Маро натавон ба теғ аз дард бе дармони ҷудо кардан

Ки аз ҳар банди худ бо дарди пайвандӣ ҷудо дорам

Ҳавои олами озодагӣ кам мухталиф гардад

Аз он чун сарви ман дар чори мавсими як қабо дорам

Зоксири қаноати хӯни оҳӯ машк ме гардад

Ман ин таълими соиб аз ғизолон хто дорам