зи хуии нозуки он симбри чандон ҳазар дорам
Ки ёд сар кунад дастӣ ки бо ӯ дар камар дорам
Чу хоҳад гашти охири бесутуни лавҳи мазори ман
Чаҳ ҳосили зин ки чун Фарҳоди дастӣ дар ҳунар дорам
зи дасти кӯтаҳи ман ҳеҷ хизмат барнаме ояд
Магари дастӣ ба ойини дуо аз давр бурдорам
Ту то рафтӣ зи пеши чашм , аз дил маҳв ме гардад
Агар сад нусха аз рӯй ту чун ойӣна бурдорам
Назари бардошти шабнам дар ҳавои офтоб аз гул
Ба умед ки ман аз ориз ӯ чашм бурдорам
Дил аз меҳр хамӯшӣ барнаме дорад забони ман
Вагар на теғҳо пӯшида дар зер сипар дорам
Ҷаҳонӣ медиҳанд аз дидан ман об , чашми худ
Агар чаҳ қатраи обии зи қисмат чун гуҳар дорам
Наме созами ҳиҷоби пой , чун тоўси боли худ
Ки ман бар айби худ беш аз ҳунари соиб назар дорам