Бирав соқӣ ки ман дар ҷоми саҳбоӣ дигар дорам
Парӣ дар шиша аз ойӣнаи симоӣ дигар дорам
Маро бигзор чун наргис хумор олуд эй соқӣ
Ки ман ин ҷоми заррини баҳри саҳбоӣ дигар дорам
Нагардад чашми ман равшан ба ҳар хуршеди рухсорӣ
Ман ин шамъ аз барои маҷлиси орой дигар дорам
Ба чашми сару бустони теғ заҳролӯд ме ояд
Ки ман ин хорхор аз сарви болой дигар дорам
Нагардад гавҳари дарёии имкони санги роҳи ман
Ки ман дар сари ҳавои сайри дарёӣ дигар дорам
Марои кӯҳи ғам аз дили сайри саҳро бар наме дорад
Ки ман чун лолаи доғи кӯҳу саҳроӣ дигар дорам
На маҷнӯнам ки чашм оҳӯон созад назари бандам
Назар бар гӯшаи чашми длороӣ дигар дорам
Алоҷи ин табибон мекунад дарди марои афзӯн
Ман ин дарди гиромӣ аз масеҳоӣ дигар дорам
зи калаки сунъ ҳар дил аз сувидои нуқта Эй дорад
Ман аз доғаш ба ҳар узвии сувидоӣ дигар дорам
Ту баҳри ҷаннатӣ дар кори зоҳид , ман барои ӯ
Ту дили ҷой дигар дорӣ ва ман ҷой дигар дорам
Ба ман арзи матоъ худ диҳад Юсуф , наме донад
Ки ман ин хурдаи ҷони баҳри савдоӣ дигар дорам
Макун таклифи сайри гулшани ҷинати марои соиб
Ки ман дар сари ҳавои сарви болой дигар дорам