Ба қалб ишқ метозад дили зорӣ ки ман дорам
Забони бозӣ ба оташ мекунад хорӣ ки ман дорам
Ки оради решаи куфр аз дили сангини ман берун
Ки муҳкам чун сулаймонӣаст зи норай ки ман дорам
Надонам санг аз дасти кадомин Тифли бустонам
Ки дорад дар ҷунуни одинаи бозорӣ ки ман дорам
зи сад домани гул бехор дар чашм буд хуш тар
з рӯй нави хат ӯ дар ҷгрхорӣ ки ман дорам
Хӯрд чун шарбати унноби худ бегуноҳон ро
з бе бокӣ назар бар чашми беморӣ ки ман дорам
Ба сими қалб аз ихвон нагирад моҳи канъон ро
Ки дорад аз азизони ин харидорӣ ки ман дорам
Нафас дар синаи хуршеди олами тоб май сӯзад
Дарин гулшан чу шабнами чашми бедорӣ ки ман дорам
Кунадгар дар навозиши корфармои кӯи тиҳӣ бо ман
зи завқи кор муздаш мерасад корӣ ки ман дорам
Сабк кардааст дар мизони ман сади Сикандар ро
Ба пеш рӯй худ аз ҷисми деворӣ ки ман дорам
Тамошои биҳишт аз хонаам берун наме орад
зи доғи оташин дар синаи гулзорӣ ки ман дорам
Ба дармон ме тавон тахфиф додани дардро соиб
Аҷаб дардӣаст бедармон , парасторӣ ки ман дорам