Нигоҳи гармро сарда ба ҷонам то дилӣ дорам

Маро дарёб эй барқи бало то ҳосилӣ дорам

Таманнои раҳоӣ чун ба гирд хотирам гардад

Ту ғофили гир ва ман мурғи нигоҳ ғофилӣ дорам

Ба нохуни ҷӯии шер аз санг май бояд баровардан

Ба ин бедасту поеи турфаи кор мушкилӣ дорам

Напечам гардани таслим агар душман серум хоҳад

Агар чаҳ тангдаст афтодаам даст ва дилӣ дорам

Ту эй зоҳид бирав дар гӯшаи миҳроби сокини шӯ

Ки ман чун дарду доғи ишқи ҷо дар ҳар дилӣ дорам

Аҷаб дорам ба девони қиёмат дар ҳисоб оем

Ки ман аз дафтари эҷод , фард ботилӣ дорам

Ба ман боди мухолифи ҳамла май орад , наме донад

Ки ман чун домани таслим дар каф соҳилӣ дорам

Збиқдрии чунин бедаст ва по гардӣдаам соиб

Агар даст маро гиранд даст қобилӣ дорам