зи панди носеҳон бенамак пуршӯр шуд гӯшам
Азин беҳудаи гӯйони хона занбӯр шуд гӯшам
Шунидам пучи чандон зини сабки мағзон бе ҳосил
Ки пуч аз мағз ҳамчун коса тнбўр шуд гӯшам
Ману ҳангомаи беҳудаи гуфторони мъозоллаҳ
Ки ҳаммоми занони зи овози пой мӯр шуд гӯшам
Буд сад пардаи афзӯн аз даҳони мор дар талхӣ
зи гуфтори шукри рези ту то маҳҷӯр шуд гӯшам
зи пайғомӣ ки оварад аз лаби ширин ӯ қосид
Пар аз шаҳду шукр чун хона занбӯр шуд гӯшам
намедонам чҳо гуфт он биҳиштии рӯ , ҳамин донам
Ки чун қасри биҳишти ҷовидони пар ҳур шуд гӯшам
Серуми равшан ба чашми халқ чун фонӯс ме ояд
зи гуфтори глўсўзи ту то пар нур шуд гӯшам
зи овози пари ҷбрил бар ҳам мехӯрду қтм
Чу Мӯсои ошно то бо хитоб тавр шуд гӯшам
з гуфту гӯии талхи носеҳони бедор чун гирдам
Ки аз ғифлати гаронтар аз навой сувар шуд гӯшам
Сабк то пунбаи ғифлат бурун оварадам аз мағзаш
Дарин ваҳдати сарои пари нағма Мансур шуд гӯшам
Шунидам аз шикасти орзӯ дар синаи овозӣ
Ки мустағнии зи сози чинӣ Фғўр шуд гӯшам
намедонам чаҳ хоҳад кард бо ман нолаи булбул
Каз овози шикасти ранги гул носур шуд гӯшам
Кафи афсӯс буд аз баҳр чун соҳили насиби ман
Аз он лабҳо зи гавҳар чун садаф маъмур шуд гӯшам
Шуморами хандаи миноӣ майро навҳаи мотам
зи овоз ба дили наздик ӯ то давр шуд гӯшам
Ба ҳарфӣ аз лаб мегаван худ башикан хуморам ро
Ки аз хамёзаи оҷиз чун лаб махмур шуд гӯшам
Нагардад талх аз шӯри қиёмати хоби ширинам
Ба зери пардаи ғифлати зи бас мастур шуд гӯшам
намедонам чаҳ хоҳад бодили маҷрӯҳи ман кардан
Намакдони қиёмат зон лаби пар шӯр шуд гӯшам
Маро чун ғунча аз беҳмдмиҳо буд дилтангӣ
зи гулбонги ҳазорон ҳамчуи гул масрур шуд гӯшам
Машав аз ҳарфи ишқ эй хомаи оташи забони хомаш
Каз ин равшани баёни фонӯси шамъ тавр шуд гӯшам
Даии холии зи ғайбат дар ҳузурам ме тавон кардан
Ним ғамгин ба сангинӣ агар машҳур шуд гӯшам
зи талқини дами афсурдаи длмрдгони соиб
Ғуборолуди мотам чун даҳон гӯр шуд гӯшам