Дили осӯдае дорӣ мапурс аз сабру оромам
Нигинро дар фалохан май наад битобии номам
зи баси заҳр шикоят хӯрдам ва бар лаб наёвардам
Ба сабзӣ мезанад теғи забон чун писта дар комам
Агар аз шиква даврон хамӯшам , нест хурсандӣ
Наме хезади садо аз бенавоӣ аз лаби ҷомам
Ба чашми ҳиммати ман давлат дунё наме ояд
Мукаррари остини афшонда бар сайди ҳумои домам
Ба зулфи ёр аз ҳар банди пайванд дигар дорам
На чун мурғи дили аҳли ҳаваси навкисаи домам
зи маҷнӯн ёдгорӣ нест ҷузи ман , ҷой он дорад
Ки созад ишқ аз чашми ғизолони ҳалқаи домам
Сапанди оташи рухсорам осоиш наме донам
Асар то аз вуҷӯдам ҳаст дар сайраст оромам
Шикаст ман надорад ҳосилии ғайр аз шикасти худ
Дили хоро ба дард ояд зи оҷизи нолии ҷомам
Дар оғози муҳаббати дасту по гум кардаам соиб
намедонам куҷо хоҳад кашид охири саранҷомам